Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
- Барои он, ки онҳо одоби хоси гуфтугӯ, шину хез,шарму хаё, хӯрдан ва муошират доранд.
Ҳаким Тирмизӣ нақл мекунад, ки Расули Худо(с) фармудаанд: «Шарму ҳаё зебогист. Тарси Худо олиҳимматист. Беҳтарин чизе, ки инсон савори он мешавад, сабр аст. Аз Худо умеди кушоиш доштан ибодат аст».
Ба ман бештар занони меҳрубон,фурутан, чашмсер, бомаслиҳат , хоксор ва дилкушод писанданд. Бадбахтона дар ҷомеаи мо бонувоне ҳастанд, ки хушбахтиро дар сарват ва молу чиз мебинанд. Ба боигарии дигарон ҳасад бурда, бо чашми тамаъ менигаранд, ки ба шаъни зан намезебад. Баъзеи дигарашон аз ҳусну латофати зоҳирии худ мефахранд, ҳол он ки барои марди бамаърифат зебогии ботин болотар меистад.
Зан бояд ба тозагии худ, хонадон ва фарзандонаш аҳамият дода, шавҳарашро эҳтиром намояд. Бе иҷозати ӯ ҷое нарафта, нопурсида чизе харид накунад, якраву гапгардон набошад. Мард хоҳ дағал бошад, хоҳ меҳрубон чунин зани аҳлро дуст медорад!
Заноне,ки одоби исломи дар хона ва хонаводае ривоч пайдо кунад,хар кас вазифахо ва хукукашро бидонад,хонавода дар масири хушбахти харакат хохад кард ва голибан зинагиашро ширин ва хушоянд хохад кард.
Хамсар ба танхои метавонад накши бузургу мухимеро дар ин замина адо кунад.У ин тавоноиро дорад,ки шавхврвашро бар худаш бехтар шуморад ва ба хешовандонаш эхтиром бигзорад ва волидвйни шавхврвшро беш аз беш иззату хурмат намояд,хусусун модарашро,дар асл инхо хама иззату эхтиром ба шавхар шуморида мешаванд.
Дағалиро, ки ҳеҷ гоҳ ба занон намезебад. Мо, ки нафистарин офаридаи табиат эътироф гардидаем, бо рафтору гуфтори неки худ инро бояд исбот намоем. Яъне ҳам дар зоҳиру ҳам дар ботин бояд зебо бошем.

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев