Свернуть поиск
Фид
Гулбону Гулбону
поделилась темой30 апр
Келинчаки афсуншуда
Қисми 7 Ҳозир не. Дар ин бора баъдтар гап мезанем. Дар миёнаи тӯй Ҳусниддин ба онҳо наздик шуд. Чеҳрааш ба одами хашмгин монанд буд. ӯ дасташро ба сӯи Ҳуснора дароз кард. — Ҳуснора, рафтем. Вақташ омад. Дили духтар ба шиддат тапид. ӯ чанд дақиқа ба Ҳусниддин ва Баҳром навбат ба навбат нигарист. — Бо кӣ гап мезанӣ? — дар овози Баҳром шубҳа пайдо шуд ӯ ба атроф нигарист, аммо ҳеҷ касро надид. Ҳуснора дасташро якбора аз дасти Баҳром кашида гирифт. Дар чеҳрааш изтироб ва дар чашмонаш шарораи ғайритабиӣ пайдо шуд. — Ман ба никоҳи ту розӣ нестам! Ман туро дӯст намедорам! Дар аввал аз сабаби баландии овози мусиқӣ одамон ин суханонро нашуниданд, рақсу бозӣ авҷ дошт. — Чӣ мегӯӣ?! Ба фикрам, ту дар худ нестӣ! — Баҳром аз банди дасти Ҳуснора сахт дошт. — Сар деҳ! — фарёд зад Ҳуснора. ӯ ба рӯи Ҳусниддин нигарист. Ҳусниддин ба ӯ табассум кард ва сарашро ҷунбонд: "Натарс, ман ҳастам-ку". Овозаи тӯе, ки то нисфи шаб давом кард, тамоми деҳаро фаро гирифт. Домод ба духтаре издивоҷ мекард, ки аз шаҳр баргаштанаш ҳатто ду моҳ нашуда буд. Ҳама ба арӯс менигаристанд. Арӯс худро хеле аҷиб мегирифт. — Ба ту чизе шудааст? Аммо аз духтар садое намебаромад. — Бо ту гап мезанам! Қаҳри домод бештар мешуд. Арӯс ангуштони худро мегазид. Дар ин ҷо сирри дигаре буд. Баҳром боз мушоҳида кард, ки арӯс пайваста ба кунҷи торики ҳавлӣ нигариста, лабханд мезанад. — Ҳуснора, ба кӣ нигоҳ мекунӣ? Арӯс як қад парид. Дар чашмонаш ҳангоми нигоҳ ба домод даҳшат инъикос ёфт. — Шумо... Сипас рӯймоли сарашро канда партофту аз ҷояш бархост. Домод натавонист ӯро боздорад. Дар он лаҳза арӯс ба миёни давра баромада, дар пеши чашми ҳама... Тӯйхона якбора пур аз шӯру ғавғо шуд. Чунки... Чунки арӯс дар миёни давра, дар пеши чашми ҳама ба рақс даромад. Аммо ин рақси оддӣ набуд. Ҳаракатҳояш хеле аҷиб ва беҳаёона буданд. У гӯё дар ихтиёри худ набуд, чашмонаш мисли оина шахшуда, бо ягон шарики ноаён рақс мекард. Мӯйҳояшро парешон кард, пойафзолҳояшро ба як тараф партофт. ӯ зебоии худро ба як манзараи нохуш ва ваҳшиёна табдил дод. Мусиқии тӯйхона якбора хомӯш шуд. Садои доду фарёд, даҳшат ва пичир-пичирҳо ба гӯш мерасид. Одамон, махсусан занон, рӯи худро пӯшида, ба арӯс менигаристанд. Баҳром дар ҷояш шах шуда монд. Дар чашмонаш хашм ва нанги шармандагӣ дида мешуд. — Ҳуснора! Чӣ кор мекунӣ?! Бас кун! Баҳром аз ҷояш хеста, ба назди ӯ давид. — Ҳозир ба ҷоят нишин! Ту... ту девона шудӣ?! Ҳуснора ба рӯи Баҳром нигарист, вале чашмонаш гӯё ӯро намедиданд. Дар лабҳояш табассуми аҷибе пайдо шуд. — Ҳеҷ гоҳ. Ман аз они ӯям! ӯ Баҳромро тела дод. Баҳром наафтид, вале зарба чунон сахт буд, ки ҳама ба ҳоли ӯ раҳм карданд. — Вой, мурам! Чӣ гапҳо шуда истодааст?! Писарамро сар деҳ, шайтон! — Самия-апа ба назди писараш давид. Ҷамила гирякунон мехост ба Ҳуснора наздик шавад, вале касе ӯро дошт. Ҳуснора бошад, мисли актрисаи саҳнаи фоҷиабор, кӯшиш мекард либоси арӯсиашро канда партояд. Хешу табор, ҷиянҳо, падар — ҳама барои доштани ӯ давиданд. Чанд мард бо душворӣ дастони ӯро гирифта, ба замин хобонданд. ӯ бо овози даҳшатбор фарёд мезад: — Сар диҳед! Ман меравам! ӯ маро интизор аст! Одамон бо ҳайрат ба якдигар нигаристанд. — Кӣ? Киро мегӯӣ?! Ҳеҷ кас ба ин ҳолати аҷиб тоқат карда натавонист. Тӯйхона якбора холӣ шуд. Меҳмонон пайи ҳам мерафтанд ва ҳама ба ин ақида буданд, ки дар ҳақиқат ба арӯс ҷин расидааст. Мақсуд-ака аз ғазаб девона шуда, духтарашро бераҳмона латукӯб кард. — Бас кунед, дар ин ҷо гапи дигар аст, гуфт касе. Дар чашмони Баҳром аллакай ғам пайдо шуда буд. ӯ ҳеҷ гоҳ интизор набуд, ки рӯзи бахташ ин тавр барбод меравад. — Пули тӯйро медиҳед. Духтари девонаатонро ба мо бор карданӣ шудед?! — Ҳалим-ака бо овози баланд дод мезад. Аммо ҳеҷ кас дар ҳолате набуд, ки инро дарк кунад. Баҳром ба назди духтаре, ки дар замин биниаш хуншор ва куртаи сафедаш хунолуд буд, омада гуфт: — Агар чунин ният доштӣ, чаро пеш аз тӯй гурехта нарафтӣ? Дар ҳар ду дунё ҳам туро намебахшам. Баҳром костюмашро ба китфаш партофта, ба сӯи дарвозаи тӯйхона рафт. Одамони тарафи домод аз паси ӯ рафтанд. Ҳуснора дар замин хунолуд мехобид ва касе ба ӯ кӯмак намекард. Ҳама дар ҳолати шок буданд. Мақсуд-ака сарашро хам карда, дар курсӣ менишаст ва бо касе гап намезад. Танҳо мӯйсафеде (осақол) ба ин манзараи нохуш нуқта гузошт: — Дар ин ҷо гапи дигар аст. Мақсуд, ҳамаашро аниқ кун. Шояд касе ба оилаи ту қасд карда бошад. Кани, ҳама ба хонаҳоятон равед. Духтаратро ба хона бар. Пагоҳ рӯирост гап мезанӣ. Ё ба назди духтур мебарӣ. Мақсуд-ака бархоста ба сӯи дар рафт. Умрия назди апааш омад ва ҳамроҳи Хуршед духтари аз калтак абгоршударо аз ҷояш бардоштанд. Баҳром дар курсӣ нишаста, ба хаёл фурӯ рафта буд. — Ба ту гуфта будам писарам, ки ба ӯ ҷин расидааст. Ин хел духтарҳо танҳо зиён меоранд. — Оча, бас кунед! Охир ин тӯи ман буд! Зиндагии ман буд! ӯ қасдан ин корро кард. Ҳамеша худро аз ман дур мегирифт. Намехост бо маҷбурӣ зани ман шавад. Баҳром аз ҷояш ҷаста хест. Дар хона падараш Ҳалим-ака, модараш Самия-о апа ва бобояш нишаста буданд. — Худро ба даст гир, писарам. Ҳеҷ кас интизор набуд, ки ин тавр мешавад. Лекин... худат ҳам дидӣ. Ин кори духтари оддӣ нест. — Ман ин корро ҳамин тавр намемонам. — Баҳром, медонӣ чӣ қадар хароҷот шуд? Пули тӯй як тараф, аммо ин шармандагӣ ва иснодро чӣ кор мекунем?! — Дуруст мегӯӣ, писарам! Ман худамро намебахшам, ки ин оиларо напурсида ба ту зан гирифтам! Дилам ҳис карда буд, чанд бор гуфтам, вале гӯш накардӣ. Бобо хомӯш истода натавонист: — Бас кунед! Баҳром! Ҷанҷоли тӯй акнун сар мешавад. Пули тӯйхона ва хӯрокро кӣ медиҳад? Пагоҳ ин гап ба тамоми ҷаҳон овоза мешавад. — Барои ман на пул муҳим асту на гапу кор! Ман аз он духтар нафрат дорам! Лекин сухани ӯ, ки "ӯ маро интизор аст", ба ман алам мекунад. Кӣ ӯро интизор будааст? — Ба ӯ ҷин расидааст, тамом вассалом. Кани ҳама ба хонаҳоятон. Аз як бало халос шудем. Бобо дуо фотиҳа карду аз ҷояш хест. Ҳуснора дар хонааш нишаста, рӯи кабудшудаашро сила мекард. — Ҷони ман, зиқ нашав. Аз ин ҷо меравем. — Чаро маро наҷот надодед? — Онҳо бисёр буданд. Агар ман ҳамроҳ мешудам, падаратро мекуштам. Баъд маро ба зиндон мепартофтанд. Ту маро солҳо интизор мешудӣ? Ман барои ту ҳама корро мекунам. Нигоҳ кун, ман дар канори туям. Ҷавон духтарро ба оғӯш гирифт. Ҳуснора бо гиряи талх нолиш мекард. То саҳар гоҳ ин тавр ва гоҳ он тавр хоб рафт. Дар пеши чашмаш "Фанта"-е, ки рӯзи дигар Хуршед дода буд, намудор шуд ва онро бо иштиҳо нӯшид. — Гиря накун, зебои ман. Ба ту гиря намезебад. — Пас чаро маро мегирёнанд? — Онҳо бемеҳранд. Туро намефаҳманд. Ту танҳо ба ман лозимӣ. — Маро аз ин ҷо бубар. — Биё, рафтем. Аммо онҳо ба ҳеҷ ҷо баромада натавонистанд. Дар ва тиреза аллакай аз берун маҳкам шуда буданд. — Ту-ку даромада тавонистӣ. Калидро биёру кушо. — Ман намедонам калид дар куҷост. Ҳусниддин духтарро ба оғӯш гирифт. — Хоб кун, вақте бедор мешавӣ, боз дар канорат хоҳам буд. Чашмони Ҳуснора оҳиста-оҳиста пӯшида шуданд. Мақсуд ба рӯи хонтахта мушт зад. — Ҳамааш айби худам. Беҳуда ӯро овардам. Нахостам дар назди падарандараш гап-кор шавад, вале ҳамааш барбод рафт. Дар назди мардум чӣ гуна одам шудам? Ҷамила намедонист шавҳарашро чӣ гуна тасаллӣ диҳад. Хомӯшона ба ӯ чой рехта дароз кард. Дар атроф хоҳарону бародаронаш хомӯш нишаста буданд. — Беҳуда духтаратро ба он зани беақлат дода будӣ. Нигоҳ кун, тарбияаш чӣ шуд. — Аммаи калонӣ Зуҳро хомӯш истода натавонист. — Апа, акнун чӣ кор мекунам? — ӯро аз ин ҷо дур кун. Бигзор ба назди падарандараш равад. Дар ин ҷо танҳо саратро хам мекунад. Пагоҳ Ҳалим-раис ҳам меояд, ки пули тӯйро бидиҳед. Мақсуд ба як нуқта нигариста мемонд: — Ман фикр намекардам, ки тарбияи ӯ ин қадар вайрон мешавад. Агар намехост, бояд пешакӣ мегуфт, ки зан намешавад. — ӯро ба назди духтур бар, вай девона шудааст. — Аслан, ту бояд ӯро ба Хуршед медодӣ. Мақсуд аз шунидани ин сухан аз бародараш ҳайрон шуд: — Чаро? — Хотират ҷамъ мешуд-да. — Э, гапҳои беҳуда нагӯед. Хоҳараш гапро давом дод: — Ҳуснора хеле зебост. Чашми мардум мерасад. Ба ӯ дуову ҷоду кардаанд. Бояд ӯро назди мулло баред. Ҳама ҳар хел гап мезаданд ва ба як қарор омада наметавонистанд. Аммо дили Хуршед аз вайрон шудани тӯй ва сухани амаки калониаш шод шуд. Акнун ӯ бояд ба амакаш боз ҳам наздиктар шавад. Баҳром аз бехобии шаб чашмонаш сурх шуда буданд. Ғӯрури ӯ поймол шуда буд. Имрӯз саҳар бояд Ҳуснора дар канори ӯ бедор мешуд. Афсӯс, ки нашуд. Баҳром ҷомадонашро кушода, чизҳои лозимиашро ҷо ба ҷо кард. Ҳамсабақонаш аллакай шаб рафта буданд. Баҳром ҳам меравад. Дар ин ҷо намемонад. Нафасаш танг мешуд. Вақте ҷомадонашро берун овард, модараш бо ҳайрат нигарист: — Ба куҷо? — Оча, як муддат дар ҷои дур зиндагӣ мекунам. Деҳа маро фурӯ бурда истодааст. — Чӣ мегӯӣ, писарам?! Ҷанҷоли тӯй акнун сар шуд! Агар ту ҳозир биравӣ, ҳама моро ба тарсуӣ ва қабули шармандагӣ айбдор мекунанд! Ҳамаашро партофта рафтанӣ ҳастӣ? — Барои ман на пул муҳим асту на ҳисоб ва на гапи мардум, оча! Кош ин шармандагӣ маро танҳо мегузошт! Аз он ки дар ин ҷо монда нафрату аламро фурӯ барам, беҳтар аст дар ҷои дур танҳо бошам! — Овози Баҳром аз хашм меларзид. ӯ ба чашмони модараш т нигарист. — Ман бармегардам. Лекин вақте баргаштам, ин корро аниқ мекунам. Барои ман донистани он ки кӣ он духтарро интизор буд, муҳим аст. Падараш Ҳалим-ака аз хона баромад: — Дуруст мегӯяд. Монданаш фоида надорад. Бигзор равад. Каме ба худ ояд. — Охир... — Ман ҳамаашро ҳал мекунам. Ту ҳозир писаратро ором гузор. Баҳром ба падараш бо миннатдорӣ сар ҷунбонд. — Писарам, тез бармегардӣ? — Оча, худатон ба хабаргирӣ меоед. Агар дар ин ҷо монам, шояд ӯро бикушам. Аз чашмони Самия-апа ашк рехт: — Лаънат ба он духтар. Бояд аз зебоияш мурад, ки ба хотири ӯ писарам ба хона омада наметавонад. — Оча, бигзор ҳамааш ба низом дарояд. Меоям. Баҳром ҷомадонашро ба мошин монда, рафт. Дирӯз рӯзи бахти ӯ буд, имрӯз бошад, ӯ бадбахттарин одами дунёст... Дар роҳ рафта истода, ба кӯчаи Ҳуснора бо алам нигарист. ӯро чунон дӯст медошт, ки... акнун бояд ин эҳсосро аз қалбаш решакан кунад. — Ту маро дар назди ҳама шарманда кардӣ! Мақсуд Ҳуснораро аз мӯйҳояш кашола карда, аз хона берун овард. Аммо духтар ҳатто як сухан ҳам намегуфт. — Гӯй, чаро ин корро кардӣ? — Дадааш, ӯро мекушед! — Ҷамила ба хавотир афтод. Давом дорад...6 комментариев
1 раз поделились
18 классов
Фид
Гулбону Гулбону
поделилась темой10 апр
Бархурд
Ту... Мард ба чашмони худ бовар накард. — Илтимос, маро бубахшед. Чашмони Ҳамза аз хашм пурхун шуданд. Ў худро идора карда натавониста, кордро дар дасташ сахт фишурд. Севара ба зону афтида, пойҳои ўро ба оғўш гирифт. — Ман намехостам ин тавр шавад. Ман маҷбур шудам. Ман... маро... Ў дигар гап зада натавониста, ҳиқ-ҳиқ гириста баромад. Ҳамза гўё аз чизе наҷиб ҳазар мекарда бошад, пояшро бо шиддат кашида гирифт. Кордро боло бардошта, хост санҷад. Аммо ба чашмони пур аз ашки духтари панҷсолааш, ки ба онҳо нигоҳ мекард, дидааш афтоду суст шуд. — Се талоқӣ. Севара ларзид. Ҳамааш тамом. Наход ишқи онҳо то ҳамин ҷо бошад? Ҳамза кордро пеши пойи занаш партофт ва костюмашро ба китф партофта, бо шиддат аз хона баромада рафт. Севара ларзида аз ҷой бархост. На кӯдаки дар гаҳвора ҳиқ ҳиқкардааш ва на духтараки гирёнаш дар он лаҳза ба чашмаш нанамуданд. Ба говхона гузашта, ресмонеро, ки аз фурӯши говҳо боқӣ монда буд, ба сақф баст ва ҳалқа сохт. Сипас аз болои худ як сатил оби яхро рехту болои курсӣ баромад. — Ло илоҳа иллаллоҳ... Боқимондаашро гуфта натавонист. Зеро ҳалқаро ба гардан андохта, курсии зери пояшро зада афтонд ва гулӯяш баста шуда, овозаш баромад... Темури сархуш аввал дар куҷо хобиданашро ба ёд оварда натавонист, сипас сарашро дошта аз ҷой хест. — Оҳ-ҳу, дишаб бисёр нӯшидаам-а? Сарам сахт дард дорад. Оберо, ки дар зарфи пластикӣ (баклажка) дар наздаш буд, бо як нафас нӯшид. Аз берун овози падараш шунида шуд. Ӯ бо келинаш гап мезад. — Боз мисли гов нӯшида омад? Темур гӯш андохт, то ҷавоби занашро шунавад. Занаш боз ӯро тарафдорӣ мекард. Тарафдорӣ накунад-чӣ, дар рӯяш изи панҷ ангушт мемонад. — Не, вақтӣ омада хобида буданд. — Барои фиреб додани хусур зани хуб-да, равед, бедор кунед, ба кор равад. Наход ин ахмақ фикр накунад, ки фирма чӣ шуд. Темур бо коҳилӣ аз ҷой хест. Кайфу сафои дишабро ба ёд оварда, лабханд дар рӯяш падидор шуд. — Ростӣ, зӯр буд-да, худаш ҳам мисли оташ буд. Вақте занаш дарро кушода даромад, ӯро тела дода, ба ҳаммом гузашта рафт. Соро бо алам аз паси шавҳараш нигоҳ карда монд. Шавҳарашро ислоҳ карда намешавад. Аз айшу ишрат даст намекашад. — Сорооо, чаро сачоқи дигар нагузоштӣ? — Инак-ку, истодааст. — Бефаросат, бо ин пуштатро пок кун. Барои ман сачоқи нав биёр. Соро оҳе кашида ҷевонро кушод ва сачоқи навро гирифта, сӯи ҳаммом рафт. Дар як лаҳза ҳама ҷоро доду фиғон фаро гирифт. Ҳамсоязан, ки аз гиряи пайвастаи Висола ба хона даромада буд, дасту пояш суст шуда, ба замин нишаст. Ларзида, деворро дошта ба тарафе, ки духтарча нишон медод, фарёд зад. — Ҳой, ҳой, чӣ шуда истодааст? Эркиной, чаро дод мезанед? Вақте ба тарафе, ки Эркиной бо даст ишора мекард, нигоҳ кард, зан даст ба қафаси синааш бурд. — Вой мурдам... Бо ҷону ҳолат давида Севараро аз пояш бардошт. Мутаассифона, пойҳояш ях карда буданд... Чун бегоҳ шуда буд, баровардани майит ба фардо гузошта шуд. Ҳеҷ кас хабар наёфт, ки Ҳамза аз хориҷа баргаштааст. Висолаи хурдсол бошад, хомӯш буд ва умуман гап намезад. — Кошкӣ ба хориҷа намерафтию ҳар бало мешудӣ... Дар хона, дар паҳлӯи зану кӯдакат мегаштӣ намешуд? Вой бачаааам. Соро ба як нуқта чашм дӯхта, карахт нишаста буд. — Чист, чаро аз абрӯвонат барф меборад (қовоқат гирифтааст)? — Темур, ки тоза аз хоб хеста буд, ба занаш гап партофт. — Ӯ мурдааст. — Ки? — Маъшуқаатон. — Нафаҳмидам, чӣ дод зада истодаӣ? — Севара худро овехтааст. Мегӯям, ки халос шудам. Дар чашмони Темур даҳшат ҳувайдо шуд. Ӯ занашро такон дода, дубора пурсид: — Чӣ гуфтӣ? — Гуфтам, ки худро овехтааст. Имрӯз ҷанозааш. Равед, он бечораро то манзили охираташ гусел кунед. Соро бо зарда аз ҷой хеста рафт. Темур бошад, карахт шуда монда буд. Ҳамин чанд лаҳза пеш худро «марди майдон» гирифта, ба занаш дӯқу пупса мекард, аммо ҳоло аз вуҷудаш мадор рафт. Севара... Он Севарае, ки бегуноҳ буд ва ба доми ӯ афтода буд, акнун нест? — Дурӯғ... гуфта истодаӣ! — овози Темур ларзида баромад. — Рафта бинед, агар дурӯғ бошад, ба ҷанозааш намеравед, — Соро дарро сахт пӯшида баромад. Пеши чашмонаш охирин бор гирякунон «Маро тинҷ гузоред, шавҳарам меояд, оилаамро вайрон накунед» гуфтани Севара омад. Он вақт ӯ танҳо хандида буд. Акнун бошад, он ханда дар гулӯяш чун як ғуссаи талх дармонд. Агар Ҳамза аз ҳама чиз бохабар шуда бошад-чӣ? Агар Севара пеш аз маргаш ҳамаашро гуфта рафта бошад? давом дорад0 комментариев
1 раз поделились
22 класса
На этом пока всё
Войдите в ОК, чтобы посмотреть всю ленту
56
- Абдумуталлибжон Ибн Абдулбоки 571 632Санкт-Петербург
- Bakhtiyor OchilovМосква
- Сидикович Анвар ТаджибаевФергана
- РАЬНО ДЖУРАЕВАТермез
38
- 🌎🌐КОШОНАИ ШАХЛО🔰🔰🌹25402 подписчика
- ❤️🌈К,АЛБ КУ́ЗИ🌈❤️556 подписчиков
- 🇱🇨🇱🇨🇱🇨СОКИН ДАРЕ🇱🇨🇱🇨🇱🇨879 подписчиков
- 🌹 ֆɛռֆɨʐ🌹2003 подписчика
- ☄️🩵Аллоҳга☄️🩵Ошиқ ☄️🩵Жаннатий☄️🩵Қалблар☄️🩵3373 подписчика
Правая колонка