ҚАЙСИНГУЛИ МАККОР ҚИСМИ 3 анчом Муаллиф: Шаҳлои Наҷмиддин Субҳи рӯзи дигар Меҳрона барвақт аз хоб хест. Ӯ ба ошхона даромада, барои аҳли хона ноништа омода кард. Модари Фаридун низ аз хоб хеста, ба ӯ ёрӣ дод. — Духтарам, шаб хобат бурд? — Ҳа, очаҷон. -Худатро эҳтиёт кун. Аз фикру хаёл бисёр худро азоб надеҳ. Ин духтари ман эрка калон шуд,ахамият надех. Меҳрона табассум карду чизе нагуфт. Ҳамин вақт Низора ба ошхона даромад. Чеҳрааш гирифта буд. — Чӣ, боз дар бораи ман гап мезадед? Модараш бо норозигӣ нигоҳ кард. -Низора, духтарам, ҳар суханро ба худ нагир. — Ман ҳама чизро мефаҳмам, оча. Дар ин хона дигар барои мани бевазан хурок нест. Меҳрона хомӯшона аз ошхона баромаданӣ шуд. — Исто гуфт Низора. Меҳрона истод. — Чӣ шуд? -Ту бо келин шуда омаданат маро ба додару очаам бад карди. Пеш аз ту мо ин хел бо хам бадбин набудем. Меҳрона ҷавоб дод: — Апаи Низора ман ба шумо чи бади кардам. Низора аз ғазаб сурх шуд. — Бисёр гап назан. Ҳамин вақт Фаридун вориди ошхона шуд. -Чи гап шуд? Низора фавран ашк дар чашмонаш ҷамъ кард. — Ҳеҷ чиз, додарам. Ман хомуш мешавам. Дар ин хона дигар ҳуқуқи гап задан надорам. Фаридун ба апааш нигарист. — Апаҷон, илтимос, ҳар саҳар бо ҳамин гапҳо рӯзро сар накун. Низора чизе нагуфта, аз ошхона баромад. Нисфирӯзӣ Низора ба назди дугонааш рафт. — Ман дигар тоқат надорам, гуфт у Дугонааш пурсид: — Чи шуд? — Ситораи келин ба ман рост наомад.Кошки хохари туро мегирифт додарам.Афташа мебинам ,девона мешавам. Мехоҳам Меҳрона худаш аз ин хона равад. Дугонааш бо тааҷҷуб гуфт: — Бо ин корҳоят ба куҷо мерасӣ? Баъд пушаймон мешавӣ.Ин насибу такдир аст.Мон хушбахт шаванд. Низора хандид. — Пушаймонӣ барои одамони заиф аст. Бегоҳ Сомон аз мактаб баргашт. Ҷузвдонашро гузошта, назди модараш омад. — Оча, пагоҳ дар мактаб маҷлис дорем. Муаллим гуфт, модар ё падарам биёянд. Низора саргарми телефонаш буд. — Ба таго е бибиат гу — Шумо чи ? — Вақт надорам. Сомон ғамгин шуд. Меҳрона, ки дар наздашон буд, гуфт:Сомонҷон, ман меравам, агар хоҳӣ. Чеҳраи писарак равшан шуд. — Рост мегӯед, янгаҷон? — Албатта. Низора бо ғазаб ба онҳо нигарист. — Ту модараш нестӣ, Меҳрона. Ба кори фарзанди ман дахолат накун. Сомон бо овози паст гуфт: — Оча, шумо худатон гуфтед, ки намеравед. Низора ба писараш як нигоҳ кард. — Ба ҳуҷраат рав. Сомон бо чашмони пур аз ашк баромада рафт. Меҳрона дигар тоқат накард. — Апачон, кӯдакро бо кинаи худат ҷазо надеҳ. Ӯ чӣ гуноҳ дорад? Низора ба у наздик шуда гуфт: — Ту ҳоло ба ман тарбияи фарзандро меомузони? Шаб Фаридун аз кор дер баргашт. Фаридун ба ҳуҷраи худ ва Меҳрона даромад. Меҳрона назди тиреза истода, ба торикии ҳавлӣ нигоҳ мекард. Вақте Фаридун ба ӯ наздик шуд, овоз баровард: — Фаридунҷон, ман ба ту як гап гӯям, хафа намешавӣ? ​— Бигӯ, ҷонам. ​— Сомон имрӯз сахт ғамгин шуд. Вақте модар ин тавр ба фарзанд беэътиноӣ мекунад, дили кӯдак мешиканад. Ман наметавонам бубинам, ки як кӯдаки бегуноҳ дар миёни кинаи калонсолон сӯзад. ​Фаридун дастони Меҳронаро гирифт: — Ту дуруст мегӯӣ, Меҳрона. Пагоҳ худат ба мактаб рав.Намегузорем ,Сомон худро танҳо ҳис кунад. Дар мактаб маҷлиси волидон хеле ором гузашт. Муаллим аз муваффақиятҳои Сомон дар дарси расмкашӣ ва адабиёт таъриф кард ва гуфт, ки ӯ кӯдаки донишманд аст, танҳо гоҳе дар дарсҳо хаёлпараст мешавад. Чеҳраи Сомон аз хурсандӣ шукуфт.Мехрона ба муаллим ташаккур гуфт ва ваъда дод, ки дар хона бо чияни шавхараш бештар машғул мешавад. Онхо ба хона баргаштанд.Мехрона зуд либоси хонаги пушиду аз паси хурокпази шуд.Аммо хамин дав овози хушдоманаш баромад ,ки мегуфт келин фишори хунам баланд шудааст,бие фишорамро бисанч. Баьди тахминан ногахон дег ба хотираш омаду осемасар Меҳрона зуд ба ошхона давид. Дегчаи хӯроке ки гузошта шуда буд, дар оташ месӯхт. ​Низора аз ҳуҷрааш берун омад ва бо овози баланд, ки то ҳавлӣ мерасид, фарёд зад: — Ана.Бубинед.Ин аст келини чакони шумо. Хӯрокро сӯзонд, хавлиро пур аз дуд кард.Агар ин хел давом кунад, пагоҳ хонаро ҳам оташ мезанад. ​Меҳрона дегро аз болои оташ гирифт ва ба замин гузошт У гуфт: — Апаи Низора, ман ҳозир аз мактаб омадам. Холачонамро фишорашро месанчидам.Аз хотирам дег баромадааст. ​— Ту мехоҳӣ айби худро ба сари очаам бор кунӣ? ​Ин дам Фариддун хам аз кор омаду ин чанги беьмании апаашро дида дод зад. -Бас кун, апа.Фаридун садояшро баланд накард, вале чунон бо алам ва таассуф сухан гуфт, ки Низора беихтиёр ақиб рафт. Ту хаёл кардӣ, ки бо бадхоҳӣ худат хушбахт мешавӣ? Бо ин рафторат на танҳо Меҳронаро озор додӣ, балки бачаи худатро ҳам аз меҳру ороми маҳрум кардӣ. Модарамон ҳам аз ин вазъият рӯз ба рӯз об мешавад. Чаро ту намехоҳӣ бубинӣ, ки Меҳрона зани ман ,духтари ин хона хам хаст. Бори аввал дар ҳаёташ Низора худро танҳо ва бепуштибон эҳсос кард. Кӯшиш кард худро сахт нигоҳ дорад ва бигӯяд, ки пушаймонӣ барои заифон аст, аммо дар дилаш чизе шикаст. Ӯ ба ёд овард, ки чӣ тавр Меҳрона барои Сомон нони гарм омода мекард, чӣ тавр дар ҳузури ӯ бо сабр ва эҳтиром сухан мегуфт, ва чӣ тавр имрӯз бо чашмони пурнам хомӯш монд. ​Ашк беихтиёр аз чашмони Низора шорид. Барои аввалин бор ин ашк на аз ғазабу кина, балки аз шарм ва пушаймонӣ буд. ​Субҳи дигар Меҳрона ба ошхона даромад, то ноништа омода кунад. Дар он ҷо аллакай чойник дар ҷӯш буд ва миз ороста шуда буд. Низора истода буд. Вақте Меҳронаро дид, чашмонашро поин андохт , вале самимӣ гуфт: ​— Меҳроначон ,янгачон маро бубахш.Ман хато кардам, идома дод Низора, сарашро бардошта, бо чашмони пурнам ба ӯ нигарист. Аз рӯи ҳасад, кина ва худхоҳӣ туро ранҷондам. Туҳмат задам, ба ту бад гуфтам, ҳол он ки ту ба ман ва ба Сомон фақат хуби кардаи. ​Меҳрона чанд лаҳза ба чеҳраи ӯ нигарист. Дар чашмони Низора дигар макр ва худхоҳӣ намедурахшид танҳо дили шикаста ва эҳсоси самимии пушаймонӣ буд.Меҳрона гуфт: — Апаи Низора, инсон ҳама вақт хато мекунад. Муҳимаш он аст, ки кас хатояшро фахмад.Ман ба шумо кинае надорам.Шумо ба ман апа хастед. ​Низора бо чашмони ашкбор табассум кард ва гуфт: — Ташаккур, келинҷон меҳрубонӣ карди. ​Бошад ,ки дар хама хона хамдигарфахми фарохам гардад.Омин. Муаллиф Шахлои Начмиддин
    3 комментария
    19 классов
    ЧОЙХОНАИ ДИЛКУШО! Ризқ меояд ба пойи меҳмон аз хони ғайб, Бенасиб он кас, ки дорад неъмат аз меҳмон дареғ. АССАЛОМУ АЛАЙКУМ ДӮСТОНИ АЗИЗ! ЧОЙХОНАИ ДИЛКУШО КУШОДА ШУД, МАРҲАМАТ ДАРОМАДАН ГИРЕД!
    163 комментария
    17 классов
    Латифа Мираминова ПАС АЗ 50-СОЛАГӢ ЗАН БОЗ БА ИЗДИВОҶ РОЗӢ МЕШАВАД? Дирӯз тасодуфан ба як эълон дучор шудам. Марде навиштааст, ки мехоҳад бо зане издивоҷ кунад, ки меҳрубон, бовиҷдон бошад ва фарзандони болиғ дошта бошад. Ӯ хона дорад ва омода аст зиндагии хуберо таъмин намояд. Ба гуфтаи ӯ, мехоҳад зане бошад, ки дигар масъулияти тарбияи фарзандони хурдсолро надошта бошад ва тавонад зиндагии орому осуда дошта бошад. Ин эълон маро ба андеша бурд. Ба фикри шумо, оё имрӯз зане, ки аз 50-солагӣ гузаштааст, барои чунин пешниҳод розӣ мешавад ва бори дигар издивоҷ мекунад? Бояд эътироф кард, ки бисёре аз занони синни 50-сола аллакай зиндагии мустақил доранд. Хонаи худро доранд, фарзандонашон ба камол расидаанд, таҷрибаи зиндагӣ доранд ва хуб медонанд, ки аз зиндагӣ чӣ мехоҳанд. Онҳо дигар барои таъмини зиндагӣ ба шавҳар эҳтиёҷ надоранд. Барои онҳо оромии рӯҳ, эҳтиром, озодӣ ва қадру қимати инсонӣ аз ҳама муҳимтар аст. Албатта, ин маънои онро надорад, ки зан баъди 50-солагӣ дигар ба муҳаббат, меҳрубонӣ ва ҳамсафари зиндагӣ ниёз надорад. Баръакс, инсон дар ҳар синну сол метавонад дӯст дорад ва дӯст дошта шавад. Аммо савол ин аст: оё танҳо доштани хона ва имконияти таъмини зиндагӣ барои зане, ки аллакай мустақил аст, сабаби издивоҷи дубора шуда метавонад? Ба назари ман, шояд ин мард занеро пайдо кунад, аммо пайдо кардани зане, ки барои зиндагии якҷоя аз оромию озодии худ даст кашад, он қадар осон нест. Занони аз 50-сола боло, шумо чӣ мегӯед? Оё барои чунин пешниҳод розӣ мешудед? Ва мардон, ба фикри шумо, имрӯз барои ба издивоҷ розӣ кардани як зани мустақил чӣ бояд пешниҳод кард, ғайр аз хона ва таъминоти молӣ? Фикри шумо ҷолиб аст.
    5 комментариев
    11 классов
    Муяссарахон Махмудова Муҳокима кунем… Имрӯз мехоҳам оиди як мавзӯъ сухан гуфта бошам… Дар бораи кӯдакон… Ман худам модаркалон ҳастам, чор набера дорам. Фарзанд азиз аст, лекин одоби он азизтар аст!.. Ман чандин маротиба шоҳиди он гаштаам ки занҳо ( модарон- модаркалонҳо) ба тӯйю маъракаҳо, ба тарабхонаҳо барои хӯрокхурию истироҳат, ба тамошои консертҳо кӯдакони худро ҳамроҳ мебаранд. Ман муқобили набурдани онҳо не. Намегӯям, ки набаред. Кӯдак ҳам бояд равад, ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, бояд бо одамон муошират кунад, одамҳоро бинад, сайр кунад. Лекин ҷойҳое ҳастанд, ки бурдани кӯдак ба худи кӯдак шавқовар бошад. Масалан гирем тӯй… Агар ин тӯйи шахси наздикаш бошад… Додар, хоҳараш… Ба тӯйи амаку тағою ҳамсояву ҳамкоратон шарт нест, ки фарзандатонро баред! Ба консертҳое, ки шахсони калонсол мераванд, е ҳунармандоне ки шаби эҷоди мегузаронанд, шарт нест кӯдакони худро бурдан. То ҳатто ба маъракаи лозиму таъзия мебаранд кӯдакони худро… ман ҳайрон мешавам. Ба тарабхонаҳо бо кӯдакони худ мераванд вале ягон назорат нест. Кӯдакон бо овози баланд доду вой мекунанд. Бо пойафзоли худ рӯи курсиҳои нишаст мебароянд. Хӯрокҳои худро резонда, аз ин хурсанд мешаванд. Ба он ҷиҳози ороиши ки дар рӯи миз гузошта шудааст, расида ҳатто мешикананд… Ҳатто дар таксию нақлиети ҷамъияти одоби савор шуданро иҷро намекунанд. Дар такси бо пойафзоли чиркини худ ба курсиҳои нишасти дар пеш буда мезананд, шофирро безобита мекунанд, ки ин ба бехатарии худи пассажир хатар дорад. Инчунин ин ҳолатро ман дпр самолет ҳам назорат кардаам. Дар фурудгоҳ додгӯён гаштани онҳоро. Ягон кас аз волидон ба ин аҳамият намедиҳад. Ҳама бо худ овора ҳастанд. Акнун як андеша кунед… Соҳиби тӯй солҳои тӯлони меҳнат карда, маблағ ҷамъ карда тӯй мекунад, ки фарзандонашон бо як кайфияти хуб онро гузаронанд. Лекин бархе аз модарон кӯдакони худро назорат намекунанд. Онҳо давутоз мекунанд, ба саҳна баромада дар зери пои раққосаҳо мегарданд, ки боиси афтидан ва е аз ритм берун шудани онҳо мегардад. Дар гирди торти арусу домод давра зада истода барои онро буридану фотосессия кардани онҳо халал мерасонанд. Ба ҳофизон халал мерасонанд. Ба пешхизматон. Дар охир ба худи соҳибони тӯй низ ин ҳолат намефорад! Инчунин ба бехатарии кӯдак низ аҳамият додан лозим. Ӯ аз афтидан, аз сӯхтан ва аз задани барқ эмин нест! Тӯй ҷои кӯдакбарӣ нест! Агар бурдед ҳатман аз назорататон дур нагузоред, е бо худ няня баред! Инчунин дар тарабхонаю консертҳо! Ҳама монанди шумо пул дода барои худашон вақти дамгири ташкил мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки шумо гарчанде ки пул дода бошед ҳам ҳуқуқи оромии як касро вайрон карданро надоред. Барои ин кабинаҳои алоҳида ҳаст оилави, чорабиниҳо барои кӯдакон аст, зонаҳо барои кӯдакон ҷудо карда шудааст, ин хел ҷойҳоро бояд интихоб кунед. Ба шароити худ нигоҳ каода амал кунед! Агар ба фарзандонатон тарбияи дар ҷойҳои ҷамъияти худашро идора карданро надода бошед, ё он кофи набошад, беҳтараш дар хона монед. Давраҳои кӯдаки тез мегузарад, бо кӯдаки худ монед! Агар шуморо ба маърака даъват карданду шумо кӯдаки худро дар хона монда наметавонед, беҳтараш наравед. Узратонро гӯид. Аз шумо хафа намешаванд. Мо ҳама аз ин марҳила гузаштем, риоя каодем ва кам нашудем! Агар хоҳед асабҳои худро ва асабҳои дигаронро вайрон накунед, ҳатман ҳамин хел кунед! Ин ҳам маданият ва ҳам одоби шуморо таҷассум мекунад..
    6 комментариев
    14 классов
    ПЕШ АЗ МАРГ, ЗИНДАГӢ КУНЕД! Шекспир гуфтааст: "Ман ҳамеша худро хушбахт ҳис мекунам. Оё медонед, чаро? • Зеро ман ҳеҷ гоҳ, аз ҳеҷ кас, ҳеҷ чиз интизор намешавам! Интизорӣ азоб аст. • Умр кутоҳ аст. Пас, худро дӯст доред! • Ҳамеша табассум кунед! • Пеш аз сухан гуфтан гӯш кунед! • Пеш аз навиштан фикр кунед! • Пеш аз сарфи пул онро биёбед! • Пеш аз қаҳр, бахшиданро ёд гиред! • Пеш аз озор додан, дарди онро эҳсос кунед! • Пеш аз нафрат кардан, дӯст доред! • Пеш аз марг, зиндагӣ кунед».
    2 комментария
    10 классов
    ЧОЙХОНА КУШОДА ШУД! АССАЛОМУ АЛАЙКУМ ДУСТОНИ ГИРОМИҚАДР! БОЗ ЧОЙХОНАИ ДИЛКУШО ПО КУШОДЕМ, МАРҲАМАТ НАМОЕД. БИЁЕД ШИКАМРО СЕР КУНЕД 😉, СӮҲБАТ КУНЕД, ХУРСАНДИВУ ХУШҲОЛӢ НАМОЕД!
    235 комментариев
    13 классов
    ҚАЙСИНГУЛИ МАККОР Қисми 1 Муаллиф: Шаҳлои Наҷмиддин Баъзе одамон ба зиндагии мо бо чеҳраи фаришта ворид мешаванд, аммо дар паси табассуми ширинашон ҳазор нақшаи сиёҳ пинҳон аст. Онҳо на бо корд, балки бо сухан захм мезананд; на бо даст, балки бо макри худ зиндагии инсонро вайрон мекунанд.Низора ҳам аз ҳамин қабил занҳо буд. Ӯ зани зоҳиран ором, хушлибос ва хушсухан буд. Ҳар касе бори аввал бо ӯ рӯ ба рӯ мешуд, гумон мекард, ки аз ин зан меҳрубонтар касе нест. Аммо онҳое, ки ӯро хуб мешинохтанд, медонистанд, ки дар паси он чашмони пур аз табассум дили пур аз ҳасад нуҳуфтааст. Низора як одати аҷиб дошт: агар дар хона ҳама хурсанд бошанд, ӯ ҳатман сабабе меёфт, ки он хурсандиро ба гиря табдил диҳад. Хусусан вақте келинашон Меҳрона бо шавҳараш Фаридун зиндагии орому хуш дошт, дили у ором намегирифт. — Модар, имрӯз Меҳрона барои шумо хӯроки дӯстдоштаатонро пухтааст, чунки ман гуфтам манту напаз,ош паз гуфт Фаридун бо табассум.Ин дам Низора ба модараш нигариста ишора кард ва қошу қавоқ андохта, қошуқро рӯйи дастархон гузошт. — Ҳеҷ чиз лозим нест. Ман барои очаам худам хурок мепазам. Меҳрона, ки аз ошхона баромада буд, дар ҷояш шах шуд. — Апачон магар ягон гуноҳ кардам? Низора бо як нигоҳе, ки гӯё аз алам пур бошад, ба ӯ нигарист. — Не, янга ту чӣ гуноҳ дорӣ? Ман худам бадбахтам, ки бояд бевазан шуда ҳар гапро шунавам.Очаам бечора дилаш манту хост,ту баркасд ош пухти. Фаридун ҳайрон ба модараш нигарист. — Очачон ба апаам гуед ,бас кунад. -Низора хап кун.Ош хам бомазза,пагох келин манту мепазад. -Оча ман ки бевазан шуда омадам,ин додару янга маро руз намедиханд. Ин суханҳо мисли оташ ба дили Фаридун афтоданд. Меҳрона бошад, дигар чизе нагуфт. Ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. Ӯ хуб медонист, ки кайсингулаш боз як саҳнаи навро оғоз кардааст. Баъзан душмани инсон дар берун нест, балки дар дохили ҳамон хона зиндагӣ мекунад. Бо ту як дастархон мешинад, бо ту механдад, аммо дар дилат сад бор ханҷар мезанад. Низора , зане, ки дар назди додараш худро апаи ғамхору меҳрубон нишон медод, вале нисбат ба келини хона Меҳрона аз рӯзи аввал меҳри самимӣ надошт. У баьди чудо шуда омаданаш аз шавхар ба хонаи модар тоқат надошт, ки бародараш Фаридун баъди оиладоршавӣ бештар ба ҳамсараш аҳамият диҳад. Ҳар боре, ки Фаридун барои Меҳрона ягон туҳфа мехарид, у ҳатман сухане меёфт: — Оҳ, додараки азизам, пештар ёдат намерафт, ки апа дорӣ. Акнун ҳама чиз барои занат. Фаридун механдид: — Апачон ту ҳам ҷойи худро дорӣ, занам ҳам ҷойи худро. Субҳи рӯзи дигар Меҳрона мисли ҳарвақта барвақт аз хоб хест. Ҳанӯз ҳама хоб буданд. Ӯ ба ошхона даромада, дастархон орост ва барои шавҳараш чой дам кард.Қайсингулаш бошад, дар ҳуҷраи меҳмонӣ бедор хобида, садои Меҳронаро мешунид. Ӯ бо худ мегуфт: — Ин келин фикр мекунад, ки бо сахархезиаш кардан дили ҳамаро ба даст меорад. Ҳоло мебинам, ки то кай. Соати ҳашт Фаридун аз хоб хест. — Меҳронаҷон, чой тайёр аст? — Бале, азизам, биё, субҳона кун.Модарчон хамин чо Фаридун ба дастархон нишаст. Ҳамин вақт Низора бо чеҳраи ғамгин вориди ошхона шуд. — Салом ба хама -Субх ба хайр апаҷон. Чаро ин қадар ғамгинӣ? — Ҳеҷ чиз. Шаб хобам набурд. Меҳрона бо меҳрубонӣ гуфт: — Апачон ягон чизатон дард мекунад? Агар хоҳед, чойи гиёҳии пудина тайёр кунам. Қайсингул бо истеҳзо табассум кард: — Не, раҳмат. Ба ман меҳрубонии сохта лозим нест. Меҳрона аз ин сухан ҳайрон шуд, вале чизе нагуфт. Фаридун қошу қавоқ андохт: — Апа чаро бо Меҳрона чунин гап мезанӣ? Ӯ ба ту чӣ кардааст? Ин вакт модараш гуфт ;Низора сахар кати чаро хамаро норохат мекуни ? -Ана, боз сар шуд.Ман чизе гуфтам? Додарчон, ту дигар хоҳаратро намефаҳмӣ. Аз рӯзи оиладор шуданат ҳама чиз дигар шуд. Фаридун хомӯш монд. Меҳрона бошад, барои пешгирӣ кардани ҷанҷол аз ошхона баромад. Аммо Низора маҳз ҳаминро мехост. Вақте Фаридун ба кор рафт, ӯ телефони худро гирифта, ба дугонааш занг зад. — Алло, манам. Имрӯз нақшаамро амалӣ мекунам. — Боварӣ дорӣ, ки додарат ин найрангатро намефаҳмад? — Додараки содаам маро аз ҳама бештар бовар мекунад. Як гап мегӯям, худаш ба занаш шубҳа мекунад. Он рӯз Низора кореро кард, ки ҳатто тасаввур карданаш душвор буд. Ӯ як гарданбанди тиллоиеро, ки Фаридун барои модараш харида буд, пинҳонӣ аз ҷевон гирифта, дар байни либосҳои Меҳрона гузошт. Бегоҳӣ Фаридун ба хона баргашт. Модараш бо чеҳраи парешон гуфт: — Писарам, гарданбанди тиллоии маро надидаӣ? Дар чойи ҳамешагиаш нест. Низора зуд ба миён даромад: — Очаҷон, ором бошед. Шояд ҷояшро иваз кардаед. Баъд гӯё тасодуфан ба тарафи ҳуҷраи Меҳрона нигоҳ кард. — Додарам ман чизе гуфтан намехоҳам, аммо беҳтараш хама чоро бояд кофт. Фаридун ба ӯ нигарист: — Чиро дар назар дори? -Хучраи шуморо хам дидан даркор аст. Фаридун ба ҳуҷра даромад. Меҳрона ҳайрон аз пасаш рафт. — Фаридун, чӣ шуд? — Меҳрона, ту гарданбанди модарамро надидаи? Меҳрона гӯё барқ зада бошад, дар ҷояш шах шуд. — Чӣ?! Ман? Не, ба Худо, ман ҳатто надидаам. Фаридун ҷевонро кушод ва либосҳоро як-як аз назар гузаронд. Ногаҳон дасташ ба чизе расид.Гарданбанди тиллоӣ. Меҳрона бо чашмони пур аз ашк ба он нигоҳ кард. — Инро кӣ ин ҷо гузоштааст?Ман дар хаетам ин корро накардаам. Қайсингулаш дар назди дар истода, дар дилаш хандид. Меҳрона бо чашмони пур аз ашк ба шавҳараш нигарист. Дилаш чунон шикаста буд, ки ҳатто барои худро сафед кардан калима намеёфт. — Фаридун, ба Худо қасам, ман ин гарданбандро нагирифтаам. Чаро ба ман бовар намекунӣ?Фаридун гарданбандро дар даст дошта, бо чеҳраи гирифта гуфт: — Пас ин чӣ тавр ба ҷевони ту афтод? — Намедонам! Ман ҳам мисли ту ҳайронам. Низора, ки то ин дам хомӯш меистод, оҳиста ба назди бародараш омад. — Додарак , илтимос, асабонӣ нашав. Шояд келин иштибоҳ кардааст. Охир, ҳама инсонанд. Меҳрона ба ӯ нигарист. — Апачон, агар ман ин корро накарда бошам, чаро маро гунаҳкор кардан мехоҳед? Қайсингул чашмонашро калон кард. — Ман?! Худоё, ман ҳоло туро ҳимоя карда истодаам, боз ман бад шудам?! Модари Фаридун низ ба гиря даромад. — Духтарам, агар тилло лозим бошад, мегуфтӣ. Магар мо ба ту намедодем? Ин суханҳо ба дили Меҳрона мисли корд мехалиданд. Ӯ чизе нагуфта, ба ҳуҷра даромад ва дарро пӯшид. Аммо дар он хона як нафар ҳақиқатро медонист.Ин писари Низора Сомон буд. Ӯ ҳамон рӯз дида буд, ки модараш аз ҳуҷраи модаркалонаш баромада, чизеро дар даст пинҳон мекард. Шаб, вақте очааш нишаста, бо телефон гап мезад, Сомон оҳиста ба назди очааш омад. — Очачон — Ҳа, ҷонам? -Ман медонам, ки гарданбандро кӣ ба ҷевони зани тагом гузошт. Низора якбора ранги рӯяш — Чӣ гуфтӣ?! — Ман дидам, ки шумо чизеро ба ҳуҷраи янгаам бурдед. Низора аз ҷой хеста, дасти кӯдакро гирифт. — Гӯш кун, Сомонҷон, бачам ,ин гапро ба касе намегӯӣ, фаҳмидӣ? Ман бароят бозичаҳои бисёру яхмос мехарам.Боз ба Лимпопо мебарам Сомон дасташро кашид. — Не.Намехохам.Янгаам дузд нест. Идома дорад Муаллиф Шахлои Начмиддин
    1 комментарий
    26 классов
    Ба мо менависанд. Номаи дарди дил ​Салом дустони азиз ва апаи Шахло. Имрӯз мехоҳам қисме аз дарду ғамҳо ва қиссаи талхи зиндагии худро ба шумо накл кунам, зеро дигар тоқати пинҳон доштани ин борро надорам. ​Бори аввал бо умеду орзуҳои зиёд ба хонаи шавҳар қадам ниҳодам ва соҳиби ду фарзанди зебою нозанин шудам. Аммо шодии маро дер давом накард. Вақте шавҳарам дар муҳоҷират буд, дар он ҷо зани дигар гирифт ва волидони ӯ бе ягон асос маро бо фарзандонам аз хона ронданд. ​Дар ҳоле ки дилам шикаста ва паноҳе надоштам, бо дили пурармон ба хонаи падарам баргаштам. Вале дар он ҷо низ оромиро наёфтам; муносибати сарду номусоиди янгаҳо дар хонаи падар низ ҳаётро бароям маҳбас кард. Аз дасти гапҳо ва муносибатҳои ноодилонаи онҳо рӯзгорам сиёҳ шуд. ​Оқибат волидонам маро маҷбурӣ ба марде доданд, ки аз ҳамсараш ҷудо шуда буд, бо умеде ки шояд ин ҷо такягоҳе пайдо кунам. Аммо тақдир боз бо ман бозича кард: ин мард ба машрубот одат кардааст ва шаробхӯрӣ пешаи ӯст. Зиндагӣ бо марди шаробхӯр ба дӯзах мемонад. Дар ин миён, фарзандони бегуноҳи ман низ саргардон шудаанд гоҳе бо ман ва гоҳе дар хонаи бобою бибиашон рӯз мегузаронанд. Шавҳарам бошад, ҳарчанд мебинад, ки азоб мекашам, аз одати бади худ намемонад ва пофишорӣ ба роҳи хато дорад. ​Биллохир, намедонам дар ин дураҳои сахти зиндагӣ ба кадом тараф рӯ оваррам ва тақдири худу фарзандонамро чӣ тавр наҷот диҳам. Ба гуфта ва роҳнамоии шумо, эй дустони азиз, сахт эҳтиёҷ дорам. Бо эхтиром С. ​
    4 комментария
    17 классов
    Аьзамхуча Баховаддинов Тӯйе, ки падарро пир кард (ҳикояи воқеӣ) — Имсол ҳам Ганҷинаро ба шавҳар дода наметавонем, — гуфт Зариф як бегоҳ ба ҳамсараш. Зан, ки машғули дӯхтани куртаи духтараш буд, сӯзанро аз матоъ бароварда, ба шавҳараш нигарист. — Чаро охир? Ҳамсолонаш кайҳо шавҳар карданд. Баъзеашон дутоӣ фарзанд доранд. Имсол ҳам агар ба шавҳар надиҳем, ба синни сӣ медарояд. То кай интизор шавем? Зариф оҳи чуқуре кашид. — Чӣ кор кунам, занак? Чӣ маслиҳат медиҳӣ? Магар худат аз сарфу хароҷоти тӯй бехабарӣ? Қувваам намерасад. Дигар пир шудаам. Буду шуд як писар доштам, ки он ҳам панҷ сол пеш «ба Русия меравам» гуфта рафту то ҳол аз ӯ дарак нест. На суроғе, на ёрие... Зан каме сукут карду гуфт: — Магар писари ҳамсояро намебинӣ? Ҳамеша аз Ганҷина мепурсад. Падару модараш ҳам розӣ ҳастанд. Ҳатто гуфтанд, ки аз тарафи шумо ягон хароҷоте лозим нест, ҳамаашро худамон мекунем. Зариф ба ҳамсараш бо нигоҳе пур аз нигаронӣ нигарист. — Занак, онҳо имрӯз ҳамин хел мегӯянд. Аммо вақте духтаратро аз ин дар бурданд, фикр мекунӣ, ӯро ором мегузоранд? Магар намедонӣ, ки баъзе гапҳо аз куҷо сар мешаванд? «Арӯсро бо чӣ бурданд?», Чаро инро накарданд?», «Чаро онро надоданд?». Охир, намехоҳам духтарам дар хонаи шавҳараш аз камбудии мову ту шарманда шавад. Ин баҳс қариб ҳар бегоҳ такрор мешуд. Мӯйсафеду ҳамсараш дигар дар бораи чизи дигаре фикр намекарданд. Ҳар боре, ки сухан аз тӯй мерафт, Зариф ба ҳисобу китоб сар мекард. Ӯ хуб медонист, ки имрӯз ба шавҳар додани духтар танҳо бо розигии ду ҷавон анҷом намеёбад. Гӯё пеш аз он ки духтар ба хонаи бахташ равад, падару модараш бояд аз як имтиҳони гарон гузаранд. Як сол либоси арӯс, либоси домод, рахти хоби нав, кӯрпаву болишт, ҷиҳози хонаи хоби навхонадорон, дивану ҷевон ва боз саду як чизи дигар. Ҳар кадоме гӯё шарти ҳатмии ба шавҳар додани духтар бошад. Баъд навбати маъракаҳо мерасид.Як маъракаи занона, баъд маъракаи дигар. Ҳанӯз аз як маърака халос нашуда, барои маъракаи дигар тайёрӣ медиданд. Гӯё тӯй на рӯзи хушбахтии ду ҷавон, балки мусобиқаи хонаводагон бошад: кӣ бештар харҷ мекунад, кӣ бештар меҳмон даъват мекунад ва кӣ аз дигарон кам намемонад. Зариф чанд бор кӯшиш кард, ки аз хароҷоти зиёдатӣ даст кашад. Аммо ҳар дафъа бо шунидани гапи хешу табор аз тасмимаш бармегашт. — Охир, мардум чӣ мегӯянд? — мепурсид ҳамсараш. — Мардум мегӯянд, мардум мегӯянд... — зери лаб такрор мекард Зариф. — Пас, барои мардум зиндагӣ мекунем ё барои духтарамон? Як шаб Зариф то дер хобаш набурд. Аз тиреза ба кӯча менигарист. Ҳамсараш аз хоб бедор шуда, пурсид: — Чӣ шуд, боз дар фикри тӯӣ? Зариф оҳиста ҷавоб дод: — Имрӯз Ганҷина аз ман пурсид: «Дадаҷон, ман кай ба шавҳар мебароям?». Чӣ ҷавоб медодам? Ба ӯ чӣ гӯям? Ки падарат барои харида натавонистани дивану ҷевон туро ба шавҳар дода наметавонад? Зан рӯяшро ба тарафи дигар гардонд. Чизе нагуфт. — Медонӣ, занак, — идома дод Зариф, — ман намехоҳам духтарамро бе тӯй ба шавҳар диҳам. Мехоҳам рӯзи хушбахтиашро бинам. Аммо магар барои хушбахт кардани як духтар бояд падар қарздор шавад, модар тамоми умрашро пасандоз кунад? Магар як ҷуфт ҷавон барои зиндагии муштарак ҳатман ба дивани наву ҷиҳози қимат ниёз доранд? Субҳи дигар Зариф ба хонаи ҳамсоя рафт. Бо падари писаре, ки хостгори Ганҷина буд, суҳбат кард. Бори дигар аз онҳо хоҳиш намуд, ки ба ҷойи хароҷоти зиёдатӣ танҳо як никоҳи одӣ ва тӯйи хоксорона барпо кунанд. Ҳамсоя бо табассум дасташро фишурд: — Зарифҷон, мо духтар келин мекунем , на мебелро. Барои мо хушбахтии фарзандонамон муҳим аст. Зариф ба хона баргашт. Бори аввал баъди чанд моҳи саргардонӣ дар чеҳрааш осудагӣ эҳсос мешуд. Аммо ҳанӯз як савол ӯро ором намегузошт: чаро барои хушбахтии фарзандон мо, падару модарон, худамон ин қадар монеа месозем? Охир, тӯй як рӯз аст, зиндагии муштарак як умр. Чаро мо барои як рӯзи пуршукӯҳ тамоми умри худро ба қарз, ташвишу хароҷот мебандем? Як сол аз тӯйи Ганҷина гузашта буд. Зариф гумон мекард, ки бо гузаронидани тӯйи духтараш дигар аз ташвишҳои хароҷот халос шудааст. Аммо зиндагӣ бори дигар ӯро дар назди як имтиҳони нав қарор дод. Ганҷина занг зада хабар дод, ки ҳомиладор аст. Зариф аз шунидани ин хабар хурсанд шуд. Бо ҳамсараш шодӣ карданд, дуо намуданд, ки тифл сиҳату саломат ба дунё ояд. Аммо аз ин шодӣ ҳанӯз чанд рӯз нагузашта буд, ки боз як рӯйхати хароҷот пеши назарашон пайдо шуд. — Занак, акнун барои кӯдаки оянда чӣ тайёр мекунем? — пурсид Зариф. Ҳамсараш, ки гӯё ин саволро интизор буд, ки ҷавоб дод: -Чӣ кор мекунем? Охир, медонӣ-ку, расму русум чӣ талаб мекунад. Барои тифл сару либос, гаҳвора, аробачаи кӯдак, мошинчаҳои бозӣ, боз чандин чизҳои дигар лозим. Барои домод ҳам сару либоси нав, барои Ганҷина ҳам либос мехарем. Охир, духтари худамон аст. Зариф хомӯш монд. Даст ба пешонӣ бурд. — Занак, магар мо ҳоло аз қарзҳои тӯй халос шудем? Ҳамон қарзҳоро ҳанӯз пурра надодаем. Акнун боз аз куҷо ёбем? — Намедонам, Зариф. Аммо як чизро медонам: агар мо ин корҳоро накунем, фардо духтарамон дар назди хешу табор забонаш кӯтоҳ мешавад. Мегӯянд, ки падару модараш барои набераашон чизе накарданд. Зариф чизе нагуфт. Медонист, ки ҳамсараш ҳам ҳақ дорад. Ӯ низ намехост духтараш дар назди дигарон хиҷолат кашад. Аммо аз куҷо пайдо кардани ин ҳама хароҷотро намедонист. Рӯзи дигар ҳамроҳи ҳамсараш ба бозор рафтанд. Аввал барои кӯдак либос хариданд. Баъд аробачаи кӯдак, гаҳвора, бозичаҳо ва дигар лавозимотро интихоб карданд. Барои домод ҳам сару либоси нав гирифтанд. Барои Ганҷина низ чанд либоси зебо хариданд. Ҳар боре, ки нархи чизеро мепурсид, Зариф ба ҳамсараш менигарист. Ҳарду медонистанд, ки пули дасташон барои ин ҳама намерасад. Аммо дигар роҳи ақибгардӣ надоштанд. Ба хотири он ки фардо духтарашон дар назди касе шарманда нашавад, боз қарз гирифтанд. Баъди чанд рӯз тамоми харидҳо омода шуданд. Ҳуҷраи онҳо пур аз халтаҳои бозор буд. Ҳамсараш бо дидани он ҳама чизҳо хурсандӣ мекард, аммо Зариф гӯё боз ҳам ғамгинтар шуда буд. Як бегоҳ, вақте ҳамсараш либосҳои кӯдаконаро ба тартиб меовард, Зариф яке аз мошинчаҳои бозичаро ба даст гирифта, муддате ба он нигарист. — Занак, — гуфт ӯ, — як чизро ба ман фаҳмон. Ин кӯдак ҳанӯз ба дунё наомадааст. Намедонем писар мешавад ё духтар, чӣ хел ба воя мерасад, оянда чӣ касб интихоб мекунад. Аммо мо аллакай барои ӯ қарздор шудем. Зан даст аз кор кашид. — Чӣ кор кунем, Зариф? Расму русум ҳамин аст. Зариф бозичаро ба ҷояш гузошту гуфт: Ман аз расму русум безор нестам, занак. Ман аз он чизе безорам, ки ба номи расму русум ба дӯши мардум бор мекунем. Як рӯз барои тӯй қарз гирифтем, имрӯз барои набера. Пагоҳ барои хатнасур, баъд барои дигар маърака. Охир, мо кай зиндагӣ мекунем? Ҳамсараш дигар ҷавоб надод. Зариф ба ҳуҷраи пур аз ашё нигоҳ кард. Ҳама чиз барои омадани як тифл омода буд, танҳо як чиз омода набуд: ҷайби падару модари пир. Он шаб Зариф то дер хобаш набурд. Қарзҳои пешина, қарзҳои нав ва нафақаи ночизашро дар хаёл ҳисоб мекард. Ба ёдаш омад, ки як сол пеш барои ба шавҳар додани духтараш ҳамин гуна шабҳоро рӯз мекард. Гумон дошт, ки баъди тӯй ором мегирад. Аммо гӯё дар ин ҷомеа барои падару модар ором гирифтан мумкин набудааст.Мо расму русумро барои осон кардани зиндагии мардум нигоҳ медорем ё мардумро барои нигоҳ доштани расму русум ба қарз ғӯтонда истодаем? Охир, кӯдак ба меҳру муҳаббат ниёз дорад, на ба кӯҳе аз бозичаҳо. Домод ба эҳтиром ниёз дорад, на ҳатман ба либоси нав. Духтар ба пуштибонии падару модар ниёз дорад, на ба он ки онҳо барои ҳар марҳалаи зиндагии ӯ қарздор шаванд.Бадбахтӣ дар он нест, ки Зариф пул надорад. Бадбахтӣ дар он аст, ки ӯ барои надоштани пул бояд шарм кунад. Azimkhuja Bahovadinov
    5 комментариев
    18 классов
    1 комментарий
    17 классов
Закреплено
  • 19
💕 💞
💕 💞
Хатои худро дар вақташ фаҳмидан ҳам як қобилият аст.
Кош сафи ин гуна хоҳаршуйҳо зиёд шаваду оилаҳо аз пош хурдан эмин монад.
  • 10
Рухшанхонум (f)
Рухшанхонум (f)
  • 14
💕 💞
💕 💞
Ин ҳам яке аз мавзӯъҳои доғи рӯз шудааст. Дар зиндагии рӯзмарраамон мо зиёд шоҳиди чунин воқеаҳо мешавем.
Вақте кудаконро ҳамроҳ меоранд фарқ надорад онҷо тӯйхона ё таъзияхона аст беназорат мемонанд. Мабодо агар онҳоро хап шин ё накун гуфтед ба ҷойи шарм доштан меранҷанд.
Ёд дорам дар кӯдакиям гоҳ гоҳ ҳамроҳи модарам ба туй ё меҳмонӣ мерафтем раҳораҳ таъкид мекарданд, ки боз беодобӣ накунӣ. Он вақтҳо аз сари дастархон ягон чиз гирифтани кудак айб буд. Ҳоло бошад мегуянд бача аст, ҳеҷ гап не.
Кудак албатта кудак аст фаҳмишаш ҳоло расо нест, вале волидоне, ки ақлу фаросати тамом доранд ба ин чизҳо эътибор намедиҳанд. Дар назари онҳо ир кор як чизи муқаррарӣ метобад.
Фото
Фото
  • 17
проста робия
проста робия
  • 18
проста робия
проста робия
  • 20
  • 11
Ҷомӣ Муродов (Кангурт) 🐯⚖️
Ҷомӣ Муродов (Кангурт) 🐯⚖️
Ихтиёри ҳар кас дар дасти ӯст,хоҳад ба шавҳар мебарояд нахоҳад не.
  • 26
нигоҳи дигар ( r )
нигоҳи дигар ( r )
Баъҳе одамҳо худ хушбахт намешаванд ва дар бадбахтии худ ҳамаро гунаҳгор мекунанд... Аллоҳ паноҳ барад аз инхел занҳои маккор💔
  • 25
проста робия
проста робия
Показать ещё